Июл 10, 2024 12:13 Asia/Dushanbe
  • Мусовии тимҳои футболи ҷавонони Қирғизистону Тоҷикистон дар CAFA

Тимҳои футболи ҷавонони Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи сешанбе аз соати 19 : 30 дар гуруҳи “A” рақобатҳои зери 20 соли CAFA-2024 ба масофи якдигар рафтанд, ки ин дидор бо тасовии бидуни гол ба поён расид.

Бо ин тасовӣ, Қирғизистон мизбони ин давра аз рақобатҳо бо 4 имтиёз ва тафозули голи беҳтар нисбат ба тоҷикҳо дар рутбаи нахуст қарор гирифт то ҳарифи ҷавонони Эрон дар дидори финал бошад.

Пеш аз ин дидор, бозикунони эронӣ дар гуруҳи “A” ба масофи Узбекистон рафтанд, ки ин бозӣ бо тасовии як ба як ба поён расид то ҷавонони Эрон ба унвони садрнишин роҳии финал шаванд.

Дидори финали рақобатҳои зери 20 сол CAFA-2024 соаати 19:30 рӯзи ҷумъаи ҳафтаи ҷорӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп