Июл 11, 2024 11:33 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи панҷуми Эрон дар тавлиди илми Нано

Порс тудей - Бар асоси охирин гузориши мунташир шуда аз вазъияти тавлиди илму фанноварии Эрон дар ҳавзаи Нано дар соли 2023, Эрон дар тавлиди илми Нано дар рутбаи панҷуми ҷаҳонӣ истод.

Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ, пешрафтҳои чашмгиреро дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла илмӣ касб кардааст батавре, ки 2 дарсад илми ҷаҳон дар Эрон тавлид мешавад.

Ба гузориши Порс тудей, бар асоси охирин гузориши пойгоҳи Web of Science(WoS) ба унвони манбаи омор ва иттилооти истифода шуда ва мақолоти пажӯҳишии муртабит бо фанноварии Нано, дар соли 2023, 11 ҳазору  179 мақолаи муртабит бо фанноварии Нано тавассути муҳаққиқони эронӣ намоя шуд, ки муодили 4.6 дарсад аз кулли мақолоти Нанои мунташир шуда дар соли 2023 аст.

Эрон бо ин саҳм аз интишороти Нано, дар рутбаи панҷуми ҷаҳон қарор гирифт, ин ҷойгоҳ дар ҳоле ба даст омада, ки Эрон дар сол бо интишори 8 мақолаи Нано дар раддаи панҷоҳу ҳаштуми ҷаҳон ва шашуми минтақаи Ғарби Осиё қарор дошт.

Гуфтанист, дар ин гузориш ҷойгоҳи ҷаҳонии Эрон дар илму фанноварии Нано ба василаи се шохиси калон «каммияти мақолоти фанноварии Нано», «кайфияти мақолоти фанноварии Нано» ва «теъдоди ихтирооти фанноварии Нано» арзёбӣ шудааст.

 

Барчасп