Июл 11, 2024 12:11 Asia/Dushanbe
  • Яъси саҳюнистҳо аз интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ва ҳимояти муҳками Пизишкиён аз муқовимат

Порс тудей - Баргузории муваффақи интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун интихоботи гузашта, мӯҷиби маъюс шудани маҳофили саҳюнистӣ ва расонаҳои вобаста ба онҳо шудааст. ​​​​​​​

Дар пайи пирӯзии Масъуди Пизишкиён дар чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, бисёре аз расонаҳои саҳюнистӣ бо бозтоб додани ин рӯйдод нисбат ба он вокуниш нишон доданд ва дар маҷмӯ бар мафоҳиме ҳамчун «эҳтимоли беҳбуди муносиботи Эрон бо ҷаҳони Ғарб», «эҳёи тавофуқи ҳастаӣ» ва «пирӯзии як номзади миёнарав ва ислоҳталаб» таъкид карданд. Ба унвони мисол, рӯзномаи «Гааретс» дар ин бора навишт, Пизишкиён аввалин ислоҳталабе аст, ки пас аз соли 2005 ба қудрат мерасад ва интизор меравад, Пизишкиён сиёсати хориҷии амалгароёна дар қиболи Ғарб дар пеш бигирад ва тавофуқи ҳастаиро эҳё кунад”.

Ба гузориши Порс тудей, возеҳ аст, ки саҳюнистҳо ва маҳофили расонаии вобаста ба онҳо, ки ҳамвора сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ ва мунзавӣ кардани Эронро дунбол кардаанд, умедвор буданд, ки бо таваҷҷуҳ ба бархе мушкилоти иқтисодӣ дар Эрон, мардум аз интихобот истиқбол накунанд ва аз ин тариқ шароит барои афзоиши фишорҳо, тахриби равобити хориҷӣ ва ҳамчунин маҷбур кардани давлати Эрон ба тағйири сиёсатҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ фароҳам шавад.

Барои таҳаққуқи ин аҳдоф, саҳюнистҳо ва аносури вобаста ба онҳо ҳатто талош карданд бо кумаки тавлиди муҳтаво дар фазои маҷозӣ ба номи тарафдорӣ аз як номзад, номзадҳои дигарро таҳрик кунанд, бисёре аз ду қутбисозиҳо ва талош барои иншиқоқу ихтилофот ва ба саҳна кашондани тарафдорони номзадҳо ба кафи хиёбону эҷоди даргирӣ низ ҷузви тавтеаҳои ҳамин душманони Эрон буд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳам талоши ҷараёни зидди эронӣ барои таҳрими интихобот ба шикаст анҷомид ва ҳам мавозеъи раисиҷумҳури мунтахаби Эрон нишон дод, ки сиёсатҳои калону роҳбурдии Эрон на фақат тағйир нахоҳад кард, балки бо қудрате бештар идома хоҳад ёфт.

 

Барчасп