Маҳкумияти давлати Амрико ба далели таҳрими кӯдакони парвонаӣ
(last modified Thu, 11 Jul 2024 13:29:55 GMT )
Июл 11, 2024 18:29 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти давлати Амрико ба далели таҳрими кӯдакони парвонаӣ

Додгоҳи ҳуқуқи равобити байналмилали Теҳрон, давлат ва мақомоти Амрикоро ба пардохти хисорати модӣ, маънавӣ ва танбеҳи дар парвандаи беморони парвонаӣ(бабочка) маҳкум кард.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Садо ва Симо, пас аз тарҳи даъвои ҳуқуқии 295 нафар аз бозмондагон ва ҳамчунин беморони парвонаӣ ба намояндагӣ аз 30 нафар аз ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии давлати Амрико, ки дар эҷоди таҳримҳо зидди ин кӯдакони бемор нақш доштанд, додгоҳи ҳуқуқи равобити байналмилали Теҳрон, таҳримҳои ғайриқонуние, ки мунҷар ба ҷиноят ва дарду ранҷи бедалел ба ин беморон шудаастро иҳроз кард ва раъй ба маҳкумияти 6 миллиарду 785 миллион долларии давлат ва мақомоти амрикоӣ ба пардохти хисорат модӣ, маънавӣ ва танбеҳӣ дар ин парванда содир кард.

 Дар пайи хурӯҷи давлати вақти Амрико аз тавофуқи байналмилалии Барҷом дар соли 2018‎ бархе аз ширкатҳои вобаста ба Амрико ва кишварҳои Аврупо мубодилоти тиҷорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро қатъ карданд, ки аз ҷумла ин маворид ширкати шветсиягии "Мунлика " аст.

 Ин ширкат танҳо тавлидкунандаи понсмон(бинт)ҳои илтиёмбахш ва беҳбудкунандаи захмҳои беморони парвонаӣ дар дунё маҳсуб мешавад, ки ба маҳз эълони таҳримҳои дубора тавассути Амрико намояндагӣ ва ҳар гуна табодулот бо Эронро қатъ кард.

 Бемории парвонае ё epidermolysi bullosa, бемории ирсие аст, ки дар пӯст ва ғишои мухот товал эҷод мекунад ва афроди дучори ин беморӣ дар маърази саратони пӯст ҳастанд.