Таъкиди раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон бар идомаи ҳимоят аз миллати Фаластин
Раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон бар идомаи ҳимоят аз миллати Фаластин дар муқобили режими ишғолгари саҳюнистӣ таъкид кард.
Ба гузориши ИРНА, Масъуди Пизишкиён рӯзи якшанбе дар гуфтугӯи телефонии Исмоил Ҳания, раиси Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргиз миллати Фаластинро дар шароити душвор танҳо нахоҳад гузошт.
Исмоил Ҳания низ бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ормони миллати Фаластин, талошҳои сиёсӣ ва дипломатии бештари Теҳрон барои поён додан ба таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғаззаро хостор шуд.
Ҳания дар бораи музокироти ғайримустақими оташбас бо режими саҳюнистӣ низ гуфт, муқовимат дар музокироти табодули асирон инъитоф нишон дода, аммо нахуствазири режими наслкуши Исроил бо идомаи ҷиноят зидди ғайринизомиён посух додааст.