Гуфтугӯи телефонии амири Қатар ва раисиҷумҳури Узбекистон бо раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон
Амири Қатару раисиҷумҳурии Узбекистон бар тавсеаи равобити ду ҷониба бо Эрон таъкид карданд.
Ба гузориши ИРНА, Шайх Тамим бин Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар дар гуфтугӯи телефонӣ бо Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон бо табрики баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон гуфт, равобити Эрону Қатар таърихӣ, мустаҳкам ва ҳамвора рӯ ба ҷилав будааст.
Раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон низ бо қадрдонӣ аз паёми табрики амири Қатар, бар азми давлати Эрон барои тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қатар таъкид кард ва гуфт, ҳамкориҳои ду кишвар манофеи мутақобили фаровоне барои миллатҳои ду кишвар дорад.
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон низ дар тамоси телефонӣ бо раисиҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон ибрози умедворӣ кард, дар давраи ҷадид низ равобит ва ҳамкориҳои дукишвар беш аз пеш густариш ёбад.
Пизишкиён низ бо қадрдонӣ аз паёмҳои табрики мақомоти аршади Узбекистон пас аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, тавсеаи равобит бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро авлавияти сиёсати хориҷии Эрон донист.