Омодагии Эрон барои ҳамкорӣ дар ростои сулҳ ва амният дар минтақа
(last modified Sat, 20 Jul 2024 08:12:31 GMT )
Июл 20, 2024 13:12 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои ҳамкорӣ дар ростои сулҳ ва амният дар минтақа

Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СММ эълом кард, ки Эрон омодаи ҳамкорӣ дар чорчуби Созмони ҳамкории Шанхай ва СММ барои муқобила бо чолишҳои фаврӣ ва тарвиҷи сулҳ ва амният дар минтақа аст.

Ба гузориш радио тоҷикии Садои Хуросон,Амир Саид Ереванӣ дар нишасти Шӯрои Амният бо мавзӯъи «Ҳамкории Созмони Милал бо созмонҳои минтақаӣ ва зерминтқаӣ дар ҳифзи сулҳ ва амният: нақши СПАД, ИДМ ва СҲШ дар муқобила бо таҳдидоти террористӣ», гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба чолишҳои Афғонистон, Эрон мӯътақид аст, ки ҳамкории тақвиятшуда байни ин ниҳодҳо зарфияти қобили таваҷҷеҳе барои тақвияти субот ва тавсеа дар Афғонистон дорад.

 Ереванӣ афзуд: Дар муҳити ҷаҳонии печидатар, ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ниёзманди посухҳои ҳамоҳанг дар сатҳҳои миллӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ аст ва тақвияти ҳамкории байни СММ ва ниҳодҳои минтақаӣ беш аз ҳар замони дигаре аҳамият дорад.

 Сафир ва намояндаи доими Эрон дар СММ гуфт: Бо дарки ин мавзӯъ Ҷумҳурии Исломии Эрон нақшҳои СПАД,ИДМ ва СҲШ дар тақвияти сулҳ ва субот дар минтақа ва ҳимоят аз ҳамкории созанда байни ин созмонҳоро бисёр арзишманд медонад ва мӯътақид аст аҳамияти чандҷонибагароӣ дар муқобила бо таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳонӣ бисёр барҷаста аст.

  Ереванӣ мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояти созмонёфта фаромиллиро нигаронии муштараки кишварҳо донист, ки дар айни ҳол метавонад фурсатҳое низ барои таомулоти амалӣ байни СММ ва Созмони ҳамкории Шанхайро фароҳам овард.

 Сафир ва намояндаи доими Эрон дар СММ дар поён гуфт: СҲШ бо сохтори чандҷонибаи худ метавонад ба таври фаъол ба талошҳои байналмилалӣ бо тавсеаи зарфияти минтақаӣ ва кумак ба давлатҳои миллӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ кумак кунад.