Июл 21, 2024 17:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар ташкили давлати коромад, мутадаин ва инқилобӣ

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дар дидори раису намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, масъулияти муштараки раисиҷумҳури мунтахабу маҷлисро ташкили давлати коромад, мутадаин ва инқилобӣ донистанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, субҳи имрӯз (якшанбе) дар дидори раису намояндагони маҷлис бо табйини 8 нуктаи муҳим, «зарурати посухгуии маҷлис», «таъомули созандаи маҷлису давлати ҷадид», «шунида шудани садои воҳид аз аркони кишвар дар масоили муҳим», «ҳокимияти ахлоқ дар мубоҳисоти маҷлис ва дигари фаъолиятҳои намояндагон», «боядҳо ва набоядҳои қонӯнгузорӣ», «назорати бидуни ифроту тафрит», «фаъолияти муассири ҳайати назорат бар амалкарди намояндагон» ва «ҳузури ҷиддии маҷлис дар масоили ҷаҳонӣ ва сиёсати хориҷӣ», ибрози умедворӣ карданд, бо эҳсоси масъулияти муштараки раисиҷумҳури мунтахабу маҷлис, кабинае муташаккил аз афроди муъмин, коромад, инқилобӣ, умедвор ба оянда, машҳур ба покдастӣ ва садоқат, дорои нигариши миллӣ ва бархӯрдор аз эътиқоди амиқ ба Ҷумҳурии исломӣ ташкил шаваду масоили кишвару мардумро ба пеш бибарад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, ҷойгоҳи маҷлисро бисёр муҳиму ҳассос хонданд ва афзуданд: Маҷлис бар хилофи тасаввури умумӣ фақат пурсишгар нест, балки монанди ҳар ниҳоди тасмимгиру иқдомкунанда бояд дар қиболи вазоифу амалкарди худ дар пешгоҳи Худованд ва дар муқобили мардум посухгӯ бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ муваффақияти Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахабро дар масоили иқтисодӣ, фарҳангӣ, байналмилалӣ ва дигар арсаҳо муваффақияти ҳама хонданд ва гуфтанд: Бояд ҳама ба раисиҷумҳури мунтахаб дар адои вазоиф кумак кунем ва аз буни дандон бовар кунем, ки муваффақияти эшон, пирӯзии ҳамаи мост.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар тавсияи дигар бо ишора ба зарфияти муҳими маҷлис дар заминаи масоили байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ, гуфтанд: Маҷлиси вазнае сангин аст, ки давлатҳои дунё дар таомулоти худ аз он истифода мекунанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, таъйини ҳарчӣ зудтари кабинаи Пизишкиёнро муфиду зарурӣ хонданд ва гуфтанд: Дар ин замина ҳам намояндагони маҷлис ва ҳам раисиҷумҳури мунтахаб, масъулиятҳои сангине доранд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар хусӯси вижагиҳо ва меъёрҳои зарурӣ барои афроде, ки вазиру майдондори иқтисод, фарҳанг, созандагӣ ва тавлид хоҳанд шуд, гуфтанд: Касеро бояд майдондор кард, ки амин, содиқ, мутадаин ва аз буни дандони муътақид ба Ҷумҳурии исломӣ бошад.

Эшон дар бахши поёнии суханонашон масъалаи Ғаззаро ҳамчунон масъалаи аввали дунёи Ислом донистанд ва афзуданд: Бо гузашти моҳҳо аз оғози ҷинояти режими ғосиби хабис, шӯри аввалия дар маҳкӯмияту муқобила бо ин ҷиноёт дар бархе афрод кам шуда, аммо аҳаммияти масъалаи Ғазза ҳатто бештар аз рӯзҳои аввал аст.

Эшон бо ишора ба инки имрӯз мардуми дунё шоҳиди ниҳояти ҷинояту сабъяти режими ғосиб ҳастанд ва дар бораи он қазоват мекунанд, хитоб ба намояндагони маҷлис афзуданд: Дар бораи Ғазза ором нагиред ва сокит набошед, имрӯз мисдоқи муҳими фаъолияти маҷлис дар масоили хориҷӣ ва дипломасӣ, масъалаи Ғазза аст.

 

Барчасп