Июл 23, 2024 17:31 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил; Баргузории ҳамапурсӣ дар Фаластин; роҳкори Эрон

Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷа Эрон гуфт: муассиртарин Роҳи ҳалли хотимаи вазъияти ғайриқонӯнии кунунӣ дар Фаластини ишғолӣ, баргузории ҳамапурсии ҷомеъ бо мушорикати ҳамаи сокинону шаҳрвандони аслии ин сарзамин аст.

Девони байналмилалии додгустарӣ рӯзи ҷумъа бо ишора ба сохту тавсеаи шаҳракҳои исроилӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси Шарқӣ, ҳузури режими саҳюнистиро дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, «ғайриқонунӣ» хонду хостори поён додан ба он шуд.

Режими наслкуши Исроил аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ ба хусӯс Амрико, куштори густардаеро дар Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ зидди мардуми бедифо ва мазлӯми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноёти режими ишғолгари Исроил, мӯҷиби тадовуми куштори занону кӯдакони фаластинӣ тавассути мошини ҷангии режими номашрӯъи саҳюнистӣ шудааст. Аз ҳафтуми октябри 2023 токунӯн ҳудӯди 39 ҳазор фаластинӣ ба шаҳодати расида ва ҳудӯди 90 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Бо вуҷӯди инки Девони байналмилалии додгустарӣ бар лузӯми поёни ишғолгарӣ дар Фаластин раъй додааст ва ҳатто аз Шӯрои амният ва Маҷмаи умумии Созмони милал хост то масъӯлияти иҷрои ин раъйро бар ӯҳда гиранд, аммо токунӯн тарҳе ҷиддӣ барои поёни ишғол дар Фаластину риояти асли ҳаққи таъйини сарнавишти мардуми ин кишвар аз сӯи Созмони милалу қудратҳои ғарбӣ ироа нашуд.

Яке аз тарҳҳои ҷиддӣ, ки дар ин замина ироа шуд, аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон бар лузӯми баргузории ҳамапурсӣ миёни фаластиниҳо барои таъйини вазъияти ин кишвар таъкид дорад. Ин дидгоҳ мутаваққиф ба як суханронии раҳбари инқилоб ё як ида намонда ва тавассути Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қолаби як тарҳи дипломатӣ ба Созмони Милали Муттаҳид ироа ва дар ин созмон сабт ҳам шудааст.

Тибқи ин тарҳ, танҳо роҳи ҳалли мумкин баргузории ҳамапурсии миллӣ бо мушорикати тамомии фаластиниён ҳам аз мусулмонон, масеҳиён ва яҳудиёну фарзандони онон аст. Ғайр аз золимона, истиъморӣ ва ғайриинсонӣ будани тарҳи саҳюнистӣ кардани Фаластин, таъкид ва исрору пофишорӣ бар ҳамапурсӣ аз мардуми Фаластин аз он ҷое аҳаммият музоаф меёбад, ки Ғарб дар ҳамаи солҳо пас аз ташкили режими ҷаълии саҳюнистӣ ҳеҷ гоҳ барои таъйину ҳалли масаълаи Фаластин ба назари сокинони бумии ин сарзамин руҷӯъ накардааст. Ин дар ҳоле аст, ки баргузории ҳамапурсӣ, интихобот, такя ба назари мардуму мардумсолорӣ дар ҳамаи ин солҳо роҳкори аслӣ ва мавриди таъкиди Эрон барои ҳалли буҳрони Фаластин будааст, роҳкоре, ки истеъмор ва Ғарбу Англис ва Амрико аз сад сол қабл токунӯн ба он тан надодаанд.

Дар ҳамин росто, Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон бо истинод ба назари Девони байналмилалии додгустарӣ дар хусӯси иқдомоти ноқизи ҳуқуқи байналмилали режими саҳюнистӣ, аз ҷумла ғайри қонунӣ хондани ишғоли сарзамини Фаластину шаҳраксозиҳо дар ин сарзамин ва низ нақзи ҳаққи миллати Фаластин дар эъмоли ҳокимият бар манобеи табиии худ, бар зарурати ҷуброни хисороти ворида ба фаластиниён таъкид кард.

Вай бо ишора ба эътирофи садҳо қатънома ва санади байналмилалӣ бар ҳаққонияти миллати мазлӯми Фаластин гуфт: Интизор он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ, бавижаи Шӯрои амният дар ростои посухгӯ кардани сардамдорони режими саҳюнистӣ ва поён бахшидан ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ зидди мардуми Фаластину ишғоли ғайриқонӯнии сарзамини Фаластин аз сӯи ин режим, гомҳои амалӣ бардоранд. Сухангӯи дастгоҳи дипломасии Эрон бо ишора ба мавозеъи эъломӣ аз сӯи ҳайати эронӣ дар ҷараёни ҷаласоти истимоъи Девони байналмилалии додгустарӣ таъкид кард: Муассиртарин роҳи ҳалли хотимаи вазъияти ғайриқонӯнии кунунӣ дар Фаластини ишғолӣ, таҳаққуқи амалии иддеаи мутараққии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои баргузории ҳамапурсии ҷомеъ бо мушорикати ҳамаи сокинону шаҳрвандони аслии Фаластин ҳам аз мусулмон, яҳудӣ ва масиҳӣ аст.

 

Барчасп