Чархиши дипломатии Ғарб: Чаҳор кишвар омодаи шиносоии расмии Фаластин шуданд
-
Маҷмаи умумии СММ
Порс-Тудей. Дар остона нишасти умумии Созмони Милал дар сентябри 2025 Фаронса, Австралия, Канада ва Британия эълом кардаанд, қасд доранд Фаластинро ба таври расмӣ ба унвони кишвари мустақил ба расмият бишносанд.
Фаронса аввалин кишвари бузурги ғарбӣ аст, ки бидуни қайду шарт ба чунин тааҳҳуде ворид шудааст, дар ҳоле ки Австралия, Британия ва Канада ҳанӯз барои ба расмият шинохтани Фаластин шуруте монанди мушорикат надоштани Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар ҳукумати ояндаро матраҳ кардаанд. Ин тасмимот дар бистари фишори физояндаи инсонӣ дар Ғазза ва дархости ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҷанг гирифта шудаанд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, пеш аз ин низ беш аз 145 кишвари узви Созмони Милал Фаластинро ба сурати расмӣ ё зимнӣ ба унвони давлати мустақил ба расмият шинохтаанд; иқдоме ки аз даҳаҳо пеш ҳамбастагии зиддиистеъморӣ, ҳуқуқи башарӣ ва хости адолатро бозтоб додааст. Кишварҳои осиёӣ, африқоӣ ва Амрикои Лотин дар радифи пешгомони ин раванд будаанд.
Дар ҳоле ки ин эъломияҳо намодинанд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, замони он фаро расида, ки ин намодҳо ба тааҳҳудоти амалӣ табдил шаванд то вазъияти фаластиниён дастикам дар Созмони Милал аз ҷойгоҳи нозир ба узве комил иртиқо ёбад, ки албатта бидуни мувофиқати Шӯрои Амният ва рафъи вето тавассути бархе қудратҳо душвор хоҳад буд.
Бо ин ҳол, ҳамин талошҳо низ нишон медиҳанд, ки машрӯияти байналмилалии режими Исроил ба тадриҷ дар миёни муттаҳидони пешинаш ҳам маҳалли тардид аст, шароите, ки метавонад бар сиёсати минтақаӣ ва байналмилалӣ таъсири қобили таваҷҷуҳе дошта бошад.
Он чӣ мусаллам аст, ин ки аксарияти аъзои Созмони Милал дар Маҷмаи умумии имсол, ҳамон гуна, ки дар ҷаласоти пешин борҳо гуфтаанд, мухолифати худро бо тасаллути режими саҳюнистӣ бар мардуми Фаластин иброз хоҳанд кард.
Бо ин ҳол , баъид аст, ки режими саҳюнистӣ ҳаддиақал феълан таҳти таъсири ин дархостҳо қарор гирад. Дар айни ҳол, идомаи лаҷоҷати режими саҳюнистӣ дар муқобили афзоиши маҳкумияти ҷаҳонӣ, ҳатто дар миёни наздиктарин муттаҳидонаш низ қобили пазириш нест. Ҳамон тавр, ки фишори мустамари байналмилалӣ бар давлати Африқои Ҷанубӣ ба поёни режими опортоид дар он ҷо кумак кард, афкори умумии ҷаҳонӣ низ бояд ба эъмоли фишор бар режими саҳюнистӣ идома диҳанд.