Таъкиди Эрон бар ислоҳи ниҳодҳои молии байналмилалӣ
Намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти муқаддамотии иҷлоси Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси таъмини манобеи молӣ барои тавсеа дар Эфиопия, ислоҳи ниҳодҳои моливу пулии байналмилалиро хостор шуд.
Нишасти муқаддамотии чаҳорумин иҷлоси таъмини манобеи молӣ барои тавсеа, рӯзи гузашта (душанбе -22 июл) бо ширкати аъзои СММ ва ниҳодҳои ин созмон ва ҳамчунин бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои ғайридавлатӣ, ҷавомеи маданӣ ва донишгоҳӣ бо паёми дабири кулли Созмони Милал ва суханронии муовини вай Амина Муҳаммад расман кори худро дар Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия оғоз кардааст.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Алиакбари Ризоӣ, намояндаи Эрон дар ин нишаст дар боби таъмини манобеи молӣ барои тавсеа дар Эфиопия, ислоҳи ниҳодҳои моливу пулии байналмилалиро хостор шуд ва ҳамчунин таҳримҳову иқдомоти қаҳрии якҷониба алайҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеаро монеи муҳиме барои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва амалкарди СММ донисту гуфт: Ин таҳримҳо чандҷонибагароиро тазъиф намуда ва дар муқобил муҷиби тақвияти якҷонибагароӣ гардидааст.