Вуруди ҳудуди 14 миллион гардишгари хориҷӣ ба Эрон
(last modified Wed, 24 Jul 2024 12:06:59 GMT )
Июл 24, 2024 17:06 Asia/Dushanbe
  • Аз ибтидои фаъолияти давлати сездаҳум то кунун 13 миллиону 895 ҳазор гардишгар вориди Эрон шудаанд
    Аз ибтидои фаъолияти давлати сездаҳум то кунун 13 миллиону 895 ҳазор гардишгар вориди Эрон шудаанд

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии исломии Эрон аз вуруди ҳудуди 14 миллион гардишгар ба Эрон хабар дод.

Вуҷуди як миллион асари торихиву фарҳангӣ ва ҳазорон асари миллӣ ва сабти 23 асари ҷаҳонӣ Эронро ба унвони 10 кишвари бартари гардишгарии ҷаҳон муаррифӣ кардааст.

Тавваҷуҳи вижаи Эрон ба тавсеаи санъати гардишгарӣ ба унвони сеюмин манбаи даромадзоии ҷаҳон, бо тақвияти дипломатияи гардишгарӣ дар канори иштирокоти фарҳангиву ҳамҷаворӣ сабаб шуда то дар солҳои ахир садҳо ҳазорҳо гардишгар аз кишварҳои минтақа ба Эрон сафар кунанд.

Сайид Иззатуллоҳи Зарғомӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон гуфт: Аз ибтидои фаъолияти давлати сездаҳум то кунун 13 миллиону 895 ҳазор гардишгар вориди Эрон шудаанд.

Зарғомӣ бо ишора ба ин ки барои аввалин бор дар барномаи ҳафтуми тавсеа, фасли ҷадиде бо унвони гардишгарӣ ва саноеи дастӣ эҷод шуд, ки нишон аз аҳамияти ин ду ҳавза дар сиёсатгузориҳои давлати Эрон дорад, азсаргирии раводиди гардишгариро яке дигар аз иқдомоти муҳими вазоратхонаи зери назараш баён кард.