Асри шеъри ошӯроӣ дар Муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор шуд
Барномаи шеъри “Асри шеъри ошӯроӣ” рӯзи панҷшанбе, чаҳоруми мурдоди соли 1403 (25 июл) бо ҳузури шоироне аз кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Тоҷикистон ва Туркия дар Муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор гардид.
Дар ибтидои нишаст доктор Саъд Хон, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ёдовар шуд, моҳи муҳаррам дар аксари кишварҳои узви ЭКО, ки ҳамагӣ мусулмонанд, муъминон ба азодорӣ мепардозанд ва бо суннатҳову одобу русуми хос ин моҳро пос медоранд. Ин мавзуъ дар адабиёт бозтоби густарда дораду мавзӯи муштарак дар миёни суханварони кишварҳои узв маҳсуб мегардад.
Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО таъкид намуд, муассисаи фарҳангӣ тасмим дорад чунин барномаҳои шеъриро бо мавзӯоти муштарак дар Тоҷикистону Туркия дар оянда баргузор намояд, ки ин нишаст аз ҷумлаи барномаҳои муҳими дорои авлавияти муассиса маҳсуб мегардад.
Гардонандаи барнома оқои Аҳмади Шаҳриёр, коршиноси Покистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО гуфт: Ҳамосаи Ҳусайнӣ аз ҷумлаи мавзӯоти фароху густарда дар адабиёти минтақаи ЭКО аст, ки бештари шоирон бо забонҳои мухталиф онро ба тасвир кашидаанд.
Дар идома Ҷалоли Назофат, Муҳаммадҷаводи Осмон, Муҳаммадризо Таҳмосбӣ, Муҳаммади Наврӯзӣ, Отифаи Ҷушқониён, Алиризо Нуралипур, Муҳаммадҳусайни Маҳдавиён (Эрон), Муҳсини Саидӣ, Ҳамиди Мубашшир, Заҳро Зоҳидӣ (Афғонистон), Аҳмади Шаҳриёр, Иноят Шарифӣ, Илҳом Содот Ҳусайнӣ, Кочу Азҳар (Покистон) ва Фотима Батул (Туркия) сурудаҳои хешро бо забонҳои форсӣ, урдӯ ва туркӣ дар бораи моҳи муҳаррам ва воқеаи Карбало қироат намуданд.
Шоҳмнсури Шоҳмирзо, коршиноси Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО дар мавзӯи “Ҷойгоҳи Карбало дар шеъри Тоҷикистон” суханронӣ намуд ва ашъореро аз Низом Қосим, Доро Наҷот ва шодравон Маҳаммадалии Аҷамӣ, шоирони тоҷик қироат намуд.