Боғи Шоҳзода Моҳони Кирмон - бозии обу сарсабзӣ дар кавир + аксҳо
Порс-тудей. Боғи шоҳзода Моҳон дар устони Кирмон яке аз зеботарин ва таърихитарин боғҳои Эрон, талфиқе аз асолат ва ҳунари эрониро ба намоиш мегузорад. Ин боғ бо талфиқи об, боғ ва меъмории чашмнавоз, ҳамчун биҳиште дар дили кавир (саҳро) худнамоӣ мекунад.
Боғи Шоҳзода Моҳон
Боғи Шоҳзода Моҳон ё боғи Шоҳзода яке аз боғҳои таърихии Эрон ба шумор меравад. Ин боғ дар ҳудуди 2 километрии шаҳри Моҳон ва дар наздикии шаҳри Кирмон, дар доманакӯҳҳои Тигрон ҷой гирифтааст.
Таърихчаи боғи Шоҳзода Моҳон
Аввалин бонии сохтусози ин боғи торихӣ Муҳаммад Ҳасанхон Сардор Еревонӣ, ҳокими вақти Кирмон ва пас аз ӯ шоҳзода Абдулҳамидмирзо Насруддавла буд, ки созаро дар тӯли 11 соли ҳукуматаш ба итмом расонд. Қидмати сохти ин боғ ба соли 1276 хуршедӣ боз мегардад. Ин боғ як бор дар соли 1337 ва бори дигар пас аз зилзилаи соли 1360, ки дар он осеб дид, мараммат шуд ва дар феҳристи осори миллӣ ба сабт расид.
Нақшаи куллии боғи Шоҳзода Моҳон
Нақшаи куллии боғи Шоҳзода Моҳон ба гунае сохта шуда ки ҳангоми вуруд, ба вижа дар табақаи болои сардари хона чашмандозҳои берунии боғ ва чашмандози чаҳорбоғу кӯҳҳо дида мешавад. Дидани ҷӯшу хурӯши об, ҳавзчаҳо ва обшорҳо ҳамроҳ бо ороиши гиёҳӣ, чашмандозҳои беназиреро рақам задааст.