Июл 30, 2024 10:03 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики дабири кулли СММ ба раисиҷумҳури ҷадиди Эрон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме бо табрики интихоби Масъуди Пизишкиён ба унвони раисиҷумҳурии ҷадиди Эрон, омодагии ин ниҳоди байналмилалиро барои ҳамкорӣ бо давлати ҷадиди Эрон эълом кард.

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме бо ибрози хушҳолӣ аз интихоби Масъуди Пизишкиён ба унвони раисиҷумҳурии ҷадиди Эрон, эълом кард, Созмони Милали Муттаҳид муштоқонаи мунтазири ҳамкорӣ бо давлати ҷадиди Эрон аст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо орзӯи муваффақият барои раисиҷумҳурии ҷадиди Эрон ба нақши муҳимми Ҷумҳурии исломӣ дар минтақа ишора кард ва гуфт, ифои нақши давлати ҷадиди Эрон дар кумак ба ҳалли буҳронҳои минтақа ва пешгирӣ аз даргириҳои ҷадид метавонад дар барқарории амнияти минтақаӣ ва фароминтақа ҳоизи аҳаммият бошад.

Гутерриш ҳамчунин бар тааҳҳуди Созмони милал ба ҳимояти мустамар аз талошҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор таъкид кард.

Дар даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, ки ҷумъа 5 июл баргузор шуд, Масъуди Пизишкиён бо касби беш аз 16 миллион раъй ба унвони чаҳордаҳумини раисҷумҳурии мунтахаби мардуми Эрон интихоб шуд.

 

Барчасп