Раисиҷумҳури ҷадиди Эрон: Сиёсати Эрон дар дифоъ аз Фаластин тағйирнопазир аст
Раисиҷумҳури ҷадиди Эрон дар дидори дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин, мавозеъ ва сиёсатҳои низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз мазлумон, аз ҷумла миллати Фаластинро тағйирнопазир донист.
Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури ҷадиди Эрон рӯзи душанбе дар дидори Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин, бо баёни инки мавозеъ ва сиёсатҳои низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз мазлумон, аз ҷумла миллати Фаластин ва ормони озодии Қудс, бо тағйири давлатҳо тағйир намекунад, гуфт: Ҳимояту пуштибонӣ аз ормонҳои миллати мазлуми Фаластин ҳамчунон бо қудрат идома хоҳад ёфт ва ҳеҷ омиле наметавонад халале дар иродаи мо дар ин масир эҷод кунад.
Раисиҷумҳури ҷадиди Эрон бар талоши бештар барои эҷоди вифоқ дар миёни кишварҳои исломӣ ва афзоиши фишор бар режими саҳюнистӣ барои таваққуфи ҷинояту куштор дар Ғазза таъкид кард.
Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин низ, ки барои ширкат дар ойини таҳлифи чаҳордаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст, гуфт: Фаластиниёни мазлуми сокини Ғазза имрӯз дар хати муқаддами истодагӣ дар баробари зиёдахоҳиҳои низоми султаву намояндаи онон дар минтақа қарор доранду мавзеъ ва садои расои Эрон дар ҳимоят аз муқовимат таъсири муҳиме дар ҳифзи рӯҳияи истодагиву пойдории онон дорад.