Июл 31, 2024 13:17 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари инқилоб дар пайи шаҳодати Исмоил Ҳания

Раҳбари инқилоб дар паёме дар пайи шаҳодати шаҳид Ҳания баён карданд: Режими саҳюнии ҷинояткору террорист бо ин иқдом заминаи муҷозоти сахтеро барои худ фароҳам сохт.

Матни паёми Раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:

 

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Миллати азизи Эрон! Раҳбари шуҷоъ ва муҷоҳиди барҷастаи фаластинӣ ҷаноби оқои Исмоил Ҳания дар саҳаргоҳи дишаб ба лиоқуллоҳ пайваст ва ҷабҳаи азими муқовимат азодор шуд.

 

Режими саҳюнии ҷинояткору террорист, меҳмони азизи моро дар хонаи мо ба шаҳодат расонид ва моро доғдор кард, вале заминаи муҷозоти сахт барои худро низ фароҳам сохт.

Шаҳид Ҳания солҳо ҷони гиромиашро дар майдони муборизаи  шарофатмандона бар сари даст гирифта ва омодаи шаҳодат буд, ӯ фарзандону касони худро дар ин роҳ тақдим карда буд. Ӯ аз шаҳид шудан дар роҳи Худо ва наҷоти бандагони Худо бок надошт, вале мо дар ин ҳодисаи талху сахт, ки дар ҳарими Ҷумҳурии исломӣ иттифоқ афтодааст, хунхоҳии ӯро вазифаи худ медонем.

Инҷониб ба уммати исломӣ, ба ҷабҳаи муқовимат, ба миллати шуҷоъ ва сарафрози Фаластин ва билхусус ба хонадону бозмондагони шаҳид Ҳания ва яке аз ҳамроҳонаш, ки бо вай ба шаҳодат расидааст, таслият арз мекунам ва улувви дараҷоти ононро аз Худованди мутаъоли масъалат менамоям.

Сайид Алии Хоманаӣ

 

10 мурдоди 1403

Мусодиф бо 25 муҳаррами 1446

 

Поёни пём/

 

Барчасп