Паёми Пизишкиён: Эрон ишғолгарони террористро аз иқдоми буздилонаи худ пушаймон хоҳад кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i116440-Паёми_Пизишкиён_Эрон_ишғолгарони_террористро_аз_иқдоми_буздилонаи_худ_пушаймон_хоҳад_кард
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба террори раиси дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард, ки Эрон ишғолгарони террористро аз иқдоми буздилонаи худ пушаймон хоҳад кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 31, 2024 13:54 Asia/Dushanbe
  • Паёми Пизишкиён: Эрон ишғолгарони террористро аз иқдоми буздилонаи худ пушаймон хоҳад кард

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба террори раиси дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард, ки Эрон ишғолгарони террористро аз иқдоми буздилонаи худ пушаймон хоҳад кард.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони зимни маҳкӯмияти террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Пайванди ду миллати сарбаланди Эрону Фаластин мустаҳкамтар аз қабл хоҳад шуд ва масири муқовимату дифо аз мазлӯм пурқудраттар аз ҳамеша дунбол мешавад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тамомияти арзӣ ва иззату ҳайсияту ифтихору шарафи худ дифо ва ишғолгарони террористро аз иқдоми буздилонаи худ пушаймон хоҳад кард.