Анҷумани Калимиёни Теҳрон террори шаҳид Ҳанияро маҳкум кард
(last modified Fri, 02 Aug 2024 15:37:44 GMT )
Август 02, 2024 20:37 Asia/Dushanbe
  • Анҷумани Калимиёни Теҳрон террори шаҳид Ҳанияро маҳкум кард

Бурунмарзӣ- Анҷумани Калимиёни Теҳрон дар баёнияе зимни маҳкум кардани террори шаҳид Исмоил Ҳания, посухи қотеъона ба ин иқдомро хостор шуд.

Анҷумани Калимиёни Теҳрон дар ин баёния террори шаҳид Исмоил Ҳанияро маҳкум ва онро як ҷинояти террористӣ ва нақзи қавонини байналмилалӣ тавсиф кард.

Дар баёнияи Анҷумани Калимиёни Теҳрон омадааст: Он шаҳиди муҷоҳид, ки аз ҷумлаи парчамдорони наҳзати озодии Қудси шариф буд, борҳо дар маърази шаҳодат қарор гирифт ва бо аз даст додани аъзои хонаводаи худ низ аз муқовамат ва дифоъ аз мардуми мазлуми Ғазза даст накашид ва саҳюнистҳо оқибат бо юриши хоинона вайро дар Теҳрон ба шаҳодат расонданд.

Анҷумани Калимиён дар идома ин баёния бар посухи қотеъ ва дар хӯр нисбат бо ин террор таъкид кард.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизонаш бомдоди чаҳоршанбе (31 июл) дар асари исобат қарор гирифтани маҳалли иқомати онон дар Теҳрон ба шаҳодат расиданд.