Август 04, 2024 10:00 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф: Режими саҳюнистӣ бори дигар моҳияти таҷовузгарӣ ва ваҳшигарии худро нишон дод

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт: Ҷиноёти рӯзҳои гузаштаи режими саҳюнистӣ дар Бейрут ва Теҳрон ва тадовуми кӯдаккушии онҳо дар Ғазза, бори дигар моҳияти таҷовузгарӣ, хуи ваҳшигарӣ ва бунёни номашруъи ин табаҳкоронро ба ҷаҳониён нишон дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар паёми ба Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон зимни таслияти шаҳодати сардор Фуод Шукар, аз фармондеҳони Ҳизбуллоҳи Лубнон навишт: Режими саҳюнистӣ барои ҷуброни шикаст ва сарпӯш гузоштан бар ҷиноёти худ дар Ғазза, ин чунин ба террори фармондеҳони муқовимат рӯй овардааст то монеъ аз ҳимоят ва пуштибонии онон аз мардуми мазлуми Фаластин шавад.

Режими саҳюнистӣ шомгоҳи сешанбе 23 июл дар ҳамлаи ҳавоӣ ба сохтумони маскунӣ дар минтақаи Зоҳияи Бейрут шаҳид Фуод Шукар, фармондеҳи аршади ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнонро бо шиллики се мушак ҳадафи амалиёти террористӣ қарор дод.

 

Барчасп