Август 10, 2024 10:48 Asia/Dushanbe
  • Медоли нуқраи вазни 86 килограмми куштии озоди Эрон дар олимпии Порис

Бурунмарзӣ - Ҳасан Яздонӣ дар дидори поёнии 86 килограмми Рақобатҳои куштии озоди олимпии 2024 Порис, баробари ҳарифи булғористонии худ 7 - 1 натиҷаро вогузор кард ва ба нишони нуқра расид.

Ҳасани Яздонӣ дишаб (ҷумъа) барои касби нишони тилло дар ҳоле бо Могамед Рамзонов аз Булғористон дидор кард, ки чандин бор ба далели масдӯмияти китфаш мусобиқа мутаваққиф шуд ва ба сахтӣ ба мубориза идома дод ва дар ниҳоят бо натиҷаи 7 бар як шикаст хӯрд ва ба нишони нуқра басанда кард.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме касби нишони нуқраи Ҳасани Яздонӣ дар вазни 86 килограмми куштии озодро табрик гуфт.

Пизишкиён ӯро «писари азизам» хитоб карда ва ҷангандагии ӯ дар майдони мусобиқаро сутуд ва афзуд: Ту - шиор - то пои ҷон барои Эронро маъно бахшидӣ. Касби нишони олимпӣ муборакмон бошад.

 

Барчасп