Август 12, 2024 11:11 Asia/Dushanbe
  • Поёни кори Эрон дар олимпии Париж бо 12 нишони рангоранг
    Поёни кори Эрон дар олимпии Париж бо 12 нишони рангоранг

Корвони Эрон бо касби 12 нишон дар олимпии 2024 Париж дар радаи бисту якум қарор гирифт .

Корвони Эрон дар сиву сеюмин давраи бозиҳои олимпии 2024 Париж бо 3 нишони тилло , 6 нуқра ва 3 бринҷи дар радаи бисту якум қарор гирифт .

Эрон дар олимпии 2024 Париж 40 намоянда дошт ва намояндагони Эрон дар ду риштаи кушти ва  теквандо соҳиби 12 нишон шуданд . Варзиши Эрон дар 19 давраи бозиҳои олимпӣ ширкат карда ва танҳо дар ду давра теъдоди медалҳои корвони Эрон ду рақамӣ шудааст .

Медаловарони Эрон дар олимпии Париж :

Теквандо :

Орин салимии медали тилло , Меҳрони Бархурдорӣ медали нуқра , Ноҳиди Киёнӣ медали нуқра , Мубинои Неъматзода медоли бринҷӣ

Куштии фарангӣ :

Саъиди Исмоилӣ медали тилло , Муҳамадҳодии Соравӣ медали тилло , Алиризои Муҳаммдӣ медоли нуқра , Амин Мирзозода медали бринҷӣ

Куштии озод :

Ҳасани Яздонӣ медали нуқра , Амирҳусайни Зореъи медали нуқра , Раҳмони Амузод медали нуқра , Амиралии Озарпиро медали бринҷӣ