Август 14, 2024 18:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар лузуми истодагӣ дар муқобили ҷанги равонии душман
    Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар лузуми истодагӣ дар муқобили ҷанги равонии душман

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо ишора ба тарфанди бадхоҳон дар эҷоди ҷанги равонӣ ва тарс барои ба ақабнишинӣ водоштани миллати Эрон дар арсаҳои гуногун, шинохти тавоноиҳои худ ва парҳез аз бузургнамои тавон бадхоҳонро роҳи муқобила бо ин тарфанд хонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуаллоҳ Хоманаӣ рузи чаҳоршанбе дар дидори дастандаркорони ситоди конгресси миллии шуҳадои устони Каҳгилуя ва Бойер-аҳмад, яке аз пояҳои аслии ҷанги равонии алайҳи миллати азиз ва Эрони исломиро бузургнамое аз тавоноиҳои душманони хонданд ва фармуданд: Аз ибтидои пирузии инқилоб онҳо ба шеваҳои мухталиф ба миллати мо тафҳим ва илқоъ мекарданд ки бояд аз Амрико, Британия ва саҳюнистҳо битарсед.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин, ҳадафи душман аз ҷанги равонӣ дар арсаи низомиро эҷоди тарсу ақабнишинии хонданду гуфтанд: Ба таъбири Қуръони Карим, ақабнишинии ғайритактики дар ҳар майдон чи арсаи низомӣ ва чи майдонҳои сиёсӣ, таблиғотӣ ва иқтисодӣ, ғазаби Илоҳиро ба дунбол дорад.

Ишон эҳсоси заъфу инзиво ва таслимшудан дар муқобили хостаҳои душманро аз осори бузургнамои тавон он дар арсаи сиёсӣ донистанду афзуданд: Давлатҳое ки бо миллатҳои бузургу кучак имруз дар муқобили хостаҳои мустакбирон таслим ҳастанд, агар ба миллатҳо ва тавоноиҳои худ такя кунанд ва воқеияти тавон душманро ба давр аз бузургнамоӣ бишносанд, метавонанд ба хостаҳои онҳо чашм нагуянд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, натиҷаи бузургнамоеи душман дар майдони фарҳангро низ эҳсоси инфеъол, маҷзуби фарҳанги душман шудан ва таҳқири фарҳанги худ хонданду гуфтанд: Натиҷаи чунин инфеъолӣ, қабули сабки зиндагӣ тарафи муқобил ва ҳатто истифода аз вожагон ва таобир бегона аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳамчунин шуҳадо ва муҷоҳидонро аносури истода дар муқобили ҷангӣ равонии душман баршумурданду афзуданд: Бояд аз ҷавононе ки бидуни эҳсоси тарс ва таъсирпзирӣ аз суханони дигарон дар муқобили ҷанг равонӣ истоданд, қадрдони кард ва ин ҳақиқатро бояд дар осору тавлидоти ҳунарӣ ва бузургдоштҳо, муҷассам кард ва зинда нигоҳ дошт.

Барчасп