Боқирӣ: Амрико шарики ҷурми саҳюнистҳост на миёнҷии бетараф
Сарпарасти Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Амрико бо таъмини силоҳи ҷангии саҳюнистҳо, худ шарики ҷурми онҳо аст, на миёнҷии бетараф.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Боқирӣ-сарпарасти Вазорати хориҷаи Эрон ҷумъашаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Муҳаммад ибн Абдурраҳмон оли Сонӣ-нахуствазир ва вазири хориҷаи Қатар бо ишора ба музокироти оташбаси Ғазза дар Давҳа, нисбат ба бадаҳдии Тел-Авив дар мизи музокирот ҳушдор дод.
Боқирӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бар истифода аз ҳамаи зарфиятҳо барои иҷбори мутаҷовизони саҳюнист ба таваққуфи куштор ва ҷиноят дар Ғазза таъкид кард.
Сарпарасти Вазорати хориҷаи Эрон панҷшанбешаб низ дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири хориҷаи Қатар, бар лузуми тадовуми талошҳои ҳамаҷониба ва иқдомоти амалӣ, аз ҷумла фаъолиятҳои дипломатӣ барои таваққуфи наслкушии саҳюнистҳо дар Ғазза таъкид карда буд.
Кишварҳои Қатар, Миср ва Амрико ба унвони миёнҷигарони музокироти оташбас дар борикаи Ғазза бо ҳадафи дастёбӣ ба тавофуқ барои оташбас дар ин борика гуфтугӯеро дар Давҳа баргузор карданд, ки бенатиҷа монд.