Август 18, 2024 12:42 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз 28 мурдод; солрӯзи кудатои амрикоӣ дар Эрон

Бурунмарзӣ - Имрӯз якшанбе 28-уми мурдоди 1403 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 18 августи 2024 мусодиф бо солрӯзи кудатои амрикоӣ зидди давлати Эрон дар соли 1953 аст.

Дар 28 мурдодмоҳи 1332 шуморӣ аз неруҳои артиши режими ситамшоҳӣ бо ҳамкории Амрико ва Англия бо сарнагӯн кардани давлати Муҳаммад Мусаддиқ, бори дигар Муҳаммадризо Паҳлавиро ба салтанат нишонданд.

Кудатои амрикоӣ - англисӣ августи 1953, ки ба суқӯти давлати қонӯнии вақти Эрон (давлати Мусаддиқ) мунҷар шуд, ёдовари мақтаъе ҳассос аз таърихи сиёсии Эрон пеш аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ аст.

Кудатои 28 мурдод, ки бахше аз силсилаи мудохилоти Амрико ва Англия дар Эрон дар замони пирӯзии Наҳзати миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон аст, дар мақтаъе рӯй дод, ки Девони байналмилалии додгустарӣ дар мавзӯи қарордодҳои нафтии Англия ва Эрон ба нафъи Эрон раъй дода буд.

Дар солҳои ахир асноди ҷадиде дар бораи мудохилоти бегонагон дар кудатои 28 мурдод мунташир шудааст ва ҳатто бархе мақомҳои амрикоӣ ба нақши мустақими ин кишвар ва Англия дар ин кудато изъон кардаанд.

 

Барчасп