Август 21, 2024 10:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 120 ширкати хориҷӣ дар намоишгоҳи саноати нассоҷии Эрон

Порс тудей – 30-юмин намоишгоҳи саноати нассоҷии Эрон бо ҳузури 170 ширкати эронӣ ва 120 ширкати хориҷӣ аз 13 кишвар дар маҳали доимии намоишгоҳҳои байналмилалии Теҳрони оғоз ба кор кард.

Беш аз 290 ширкати эронӣ ва хориҷӣ дар ин намоишгоҳ гирди ҳам омадаанд то зимни ироаи тавонмандиҳои худ, заминаҳои сармоягузорӣ, мубодилоти тиҷорӣ ва бозаргониро фароҳам карда ва бо якдигар ба гуфтугӯ ва табодули иттилооти навини ин саноат бипардозанд.