Эрон: Посух дар замоне аст, ки режими Исроил камтарин эҳтимолро медиҳад
(last modified Thu, 22 Aug 2024 07:08:21 GMT )
Август 22, 2024 12:08 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Посух дар замоне аст, ки режими Исроил камтарин эҳтимолро медиҳад

Порс Тудей - Намояндагии Эрон назди Созмони милал дар бораи замони посухи Теҳрон ба режими Исроил дар пайи террори Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос эълом кард, посухи Эрон дар замон, шароит ва ба гӯнае хоҳад буд, ки режими саҳюнистӣ камтарин эҳтимолро медиҳад.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки 10 мурдод барои ҳузур дар маросими таҳлифи раёсатҷумҳурии Эрон ба Теҳрон омада буд, ба шаҳодат расид. Пас аз ин ҷиноят, имом Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме таъкид карданд, режими саҳюнистии ҷинояткору террорист бо ин иқдом заминаи муҷозоти сахтеро барои худ фароҳам сохт.

Ба гузориши Порс тудей, намояндагии Эрон назди Созмони милал дар иттилоияе эълом кард, посухи Эрон дар замон, шароит ва ба гӯнае хоҳад буд, ки режими саҳюнистӣ камтарин эҳтимолро медиҳад. Шояд ҳангоме, ки чашмонашон ба осмону сафҳаи радар аст, аз замин мутаҳайр шаванд ва шояд ҳам таркибе аз ин ду.

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон назди созмон таъкид кард: Посухи Эрон бояд ду натиҷаи мушаххас дошта бошад. Нахуст, бояд мутаҷовизро ба далели террору нақзи ҳокимияти миллии Эрон муҷозот кунад. Дувум, бояд қудрати боздорандагии Эронро тақвият кунаду пушаймонии шадиди режимро ба ҳамроҳ дошта бошад то аз такрори ҳаргуна таҷовуз дар оянда ҷилавгирӣ шавад.