Август 27, 2024 20:11 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, тавлиди калиди ҳалли мушкилот иқтисодӣ аст
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, тавлиди калиди ҳалли мушкилот иқтисодӣ аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар аввалин дидори раиси ҷумҳури ва давлати чаҳордаҳум, нукоти муҳиммиро ҳамчун риояти увлавиятҳои фаврӣ аз ҷумлаи таваррум ва гаронӣ, зарурати ҳукмронии қонунманд дар фазои маҷозӣ ва тавваҷуҳ ба тавлид ба унвони калиди ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, баён карданд.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо тамҷид ва такрими ҳаракати пуршукуҳи арбаъини мардум ва табрики ҳафтаи давлат, фурсати хизмат ба мардум ва талош барои пешрафти кишварро неъмати бузурги илоҳӣ баршумурданду афзуданд: Ин амонати Худо ва мардумро қадршиносӣ кунед ва бидонед фурсати 4 соли хизмат ба суръати барқу бод мегузарад; албата дар ҳамин муддати ҳам метавон корҳои бузургӣ кард .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ миллати Эронро дорои зарфияти нобиғасоз хонданд ва бо ишора ба номдорони чун Хоҷа Насируддини Тусӣ, Ибни Сино, Муллосадро ва Закариё Розӣ гуфтанд: инҳо нишонаи зарфияти бекарони парвози фикрии миллат Эрон аст ва акнун низ метавон аз ҷавонони бо истеъдоди кишвар, нобиға парвариш дод .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ риояти авлавиятҳо бо тавваҷуҳ ба манобе ва фурсати маҳдуд ва корҳои зиёди пеши руро мавриди тавваҷуҳ қарор доданду афзуданд: бархе авлавиятҳо марбут ба масоили фаврӣ монанди масаълаи таваррум ва гаронӣ аст ки бояд басурат муносиб онҳоро ҳал кард аммо бархе авлавиятҳо нозир ба масоил зерсохти аст ки агар имруз аз он ғифлат шавад 10 соли баъд бояд ба ночори он корро оғоз кард .

Ишон энержии ҳастаеро аз ҷумлаи авлавиятҳои зерсохтӣ ва зарури барои оянда кишвар донистанд ва бо новорид донистан бархе изҳороти тардидомез дар бораи фавойиди он, гуфтанд: кишвар наметавонад худро аз як масаълаи илмӣ, фаннӣ ва пешрафтаи дунё маҳрум кунад ва бо ақабафтодан аз ин масири солҳо баъд ба дунболи оғоз он бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар баёни чигунагии машварати раиси ҷумҳур бо эшон дарбора кабина низ гуфтанд: бандаи теъдодиро ки мешинохтам ва ё дар мавриди салоҳияти онҳо аз манобеи мавриди вусуқ мутмаин шуда будам, таъӣд ва бар бархе асомӣ таъкид кардам аммо дар бора теъдоди бештаре ки намешинохтам гуфтам назарӣ надорам ки ишон тавонист маҷлисро қонеъ кунад ва барои ҳама рой эътимод бигирад .

Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ афзуданд: имруз ҳамаи вазирони муҳтараме ки мавриди эътимоди раиси ҷумҳурӣ ва маҷлиси қарор гирифтаанд, мақомоти олирутбаи кишваранд ва вазифаи ҳама, ҳимоят ва кумак барои муваффақияти онҳо аст.