Август 29, 2024 14:57 Asia/Dushanbe
  • Фанноварии иртиботот ва мухобирот даричае ҷадид барои густариши ҳамкориҳои Эрон ва Покистон

Порс тудей- Намоишгоҳи байналмилалии фановарии иртиботот ва мухобироти Осиё бо ҳузури 9 ширкати донишбунён аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Карочии Покистон кушоиш ёфт.

25-умин Намоишгоҳи байналмилалии фановарии иртиботот ва мухобироти Осиё аз рӯзи сешанбе дар "Экспосентр"-и шаҳри Карочӣ, ҷануби Покистон оғоз ва то рӯзи панҷшанбе идома хоҳад дошт.

Ба гузориши Порс тудей, 9 ширкати эронӣ дар канори ширкатҳое аз Чин, Покистон, Индонезия, Малайзия ва Туркия дар ин намоишгоҳ ҳузур доранд.

Покистон бо баргузории ин намоишгоҳ дар садади ҳамкорӣ ва мушорикат бо ширкатҳои хориҷӣ аст.

Қарор аст, дар ҳошияи ин намоишгоҳ нишастҳои тахассусӣ миёни фаъолони ҳавзаи иртиботот ва ширкатҳои донишбунёни эронӣ ва ширкатҳои покистонӣ низ баргузор шавад.

Ин намоишгоҳ муҳиммтарин рӯйдоди байналмилалии ҷануби Осиё дар ҳавзаи фановарии иттилоот ва иртиботот маҳсуб мешавад.

 

Барчасп