Август 31, 2024 12:03 Asia/Dushanbe
  • Эрон иддаои ҳузури низомӣ дар хоки Украинаро дуруғ хонд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаои ҳузури як низомии эронӣ дар хоки Украина ба манзури омӯзиши нируҳои русиро беасос донист ва дуруғ хонд.

Носири Канъонии Чофӣ бо таъкиди дубора бар мавзеъи усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мухолифат бо ҷанг ва лузуми таваққуфи даргириҳо ва ҳаллу фасли мусоламатомези ихтилофоти Русия ва Украина таъкид кард, тарҳи ин гуна иддаоҳои беасос бо аҳдоф ва ангезаҳои сиёсии хос сурат мегирад ва чунин иттиҳомҳое бо рӯйкарди усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси мунозиъа дар Украина дар таззод аст.

 

Барчасп