Қадрдонии уламои шиа аз масъулони Эрон
Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар баёнияе аз ҳамкории масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон барои баргузории бошукӯҳи маросими Арбаъин қадрдонӣ кард.
Ба гузориши шабакаи Порс тудей, Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар баёнияе эълом кард,сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ дар таъмини амният ,сабукии сафар ва судури виза барои зоирон ҳамкории хубе доштанд.
Бар асоси ин гузориш беш аз 60 ҳазор виза аз сӯи намояндагиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон барои зоирони арбаъинӣ содир шуд.
Бо вуҷуди афзоиши дубаробарии тақозои визаи Арбаъин, Ҷумҳурии Исломии Эрон имкони ҳузури аксари мутақозёни афғонистонӣ дар маросими арбаъинро фароҳам кард ва панҷ намояндагии консулии Эрон дар Кобул, Қандаҳор, Ҳирот, Мазори шариф ва Ҷалолободи Афғонистон бо ҳаддиаксари зарфият хидматрсонӣ карданд.
Миллионҳо нафар аз зоирон ва дӯстдорони аҳли Байт аз кишварҳо ва мазоҳиби мухталиф рӯзи якшанбе 20 сафари 1446 -и ҳиҷрии қамарӣ (25 августи 2024), мусодиф бо рӯзи Арбаъин ва чиҳилмин рӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн (ъ) ва ёрони бовфои ишон дар саҳрои Карбало, маросими азодорӣ баргузор карданд.