Сентябр 03, 2024 19:51 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи шаҳодати имом Ризо (а)

Чаҳоршанбе 30 сафари 1445 ҳиҷрии қамарӣ солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) аст.

Ҳазрати имом Ризо (а), набераи гаронқадри Паёмбари гиромии Ислом (с), дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд ва дар охирин рӯзи моҳи сафари соли 203 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Даврони ҳаёту имомати ҳазрати имом Ризо (а), даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳли байти исмату таҳорат (а) ва густариши пойгоҳҳои мардумии хонадони аҳли байти исмату таҳорат (а) аст.

Бо авҷгирии тамоюлоти мардум ба имом Ризо (а), Маъмун, халифаи Аббосӣ бо дасисачинӣ, эшонро масмӯм ва шаҳид карданд.

Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а) бо ҳузур дар ҳусайняҳо, масоҷид, ҳарами мутаҳҳари эшон дар Машҳад (шимоли шарқи Эрон ) ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсӯма (р) дар шаҳри муқаддаси Қум (ҷануби Теҳрон), азодорӣ мекунанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегуяд.

 

Барчасп