Сентябр 04, 2024 18:54 Asia/Dushanbe
  • Изъони меъмори таҳримҳои Амрико зидди Эрон ба беасар шудани таҳримҳо

Richard Nephew, ки аз ӯ ба унвони яке аз меъморони шабакаи таҳримҳо алайҳи Эрон ёд мешавад, дар ёддоште навишта, воқеиятҳои роҳбурдии ҷадид мӯҷиб шуда эҳёи низоми сангини таҳримҳо зидди Эрон ба осонии гузашта набошад.

Richard Nephew, нависандаи китобе ба номи «Ҳунари таҳримҳо» аст, ки дар давлатҳои Барак Обама ва Ҷо Байден дар масоили муртабит бо Эрон симат доштааст.

Вай дар ёддоште навишт: «таҳримҳо алайҳи Эрон ва бавижа тавассул ба таҳримҳои сонавия аз сӯи давлати Обомо алайҳи кишварҳо ва ширкатҳои ҳамкор бо Эрон, ин кишварро дар мавқеъияте қарор дода буд, ки ҳозир ба додани имтиёзҳои ҷиддӣ бар сари барномаи ҳастаиаш шавад.»

Richard Nephew дар идомаи ёддошти худ ба хурӯҷи Доналд Трамп  аз БарҶом ва талоши ӯ барои ба коргирии сиёсати «фишори ҳаддиаксарӣ» алайҳи Эрон ишора карду афзуд: Сиёсати фишори ҳаддиаксарии Трамп қодир ба расондани давлати ӯ ба тавофуқи ҷадид набуд, ба иддаои ӯ дар соли 2021 давлати Байден талош кард ба БарҶом бозгардад, аммо талоши ӯ ҳам бо шикаст мувоҷеҳ шуд.

Вай дар идома навишт: «корзори таҳримҳои Эрон, ки ба БарҶом хатм шуд васеъ ва тарроҳии он душвор буд. Анҷом додани муҷаддади он бисёр душвор хоҳад буд ба хусӯси алон, ки Эрон ва дигар тарафҳои душмани мо огоҳии бештаре нисбат ба мухотироту нуқоти осебпазириашон қарор доранд.»

Меъмори таҳримҳои зидди эронӣ дар бахши дигаре аз ин ёддошт хотирнишон карда, дар ҳоли ҳозир аҳрумҳои фишори Эрон ҳам бо ончӣ дар гузашта буданд, тафовут дорад.

 

Барчасп