Сентябр 04, 2024 19:01 Asia/Dushanbe
  • Рекордшикании варзишкори эронӣ дар паралимпиадаи Порис

Миллипуши эронӣ дар Бозиҳои паралимпиадаи Порис муваффақ ба шикастани рекорди ҷаҳон ва паралимпиада дар риштаи партоби найза шуд.

Саид Афрӯз, миллипӯши тими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рақобатҳои Паралимпиадаи Порис, дар риштаи партоби найзаи класси F34 бо партобҳое ба тӯли 40.67 ва 41.16 метр, рекорди ҷаҳон ва паралимпиадаро ду бор ҷобаҷо кард.

Афрӯз медоли тиллои Паралимпиадаи 2020 Токио ва қаҳрамонии ҷаҳону Осиёро дар риштаи партоби найза дар корномаи варзишии худ дорад.

Теъдоди медолҳои корвони Эрон дар ҳафтумин рӯзи Бозиҳои паралимпиадаи 2024 Порис ба 13 медол (3 тилло, 7 нуқра ва 3 брунз) расид ва Эрон дар ҷойгоҳи бистуми кишварҳои ширкаткунанда қарор гирифт.