Сентябр 10, 2024 12:27 Asia/Dushanbe
  • Худкафоии Эрон дар тавлиди гандум
    Худкафоии Эрон дар тавлиди гандум

Эрон дар тавлиди хушаҳои тиллоии "гандум" худкафо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиқули Имонӣ мудиромили бунёди миллии гандумкорони эронӣ рузи сешанбе бо ишора ба тавлиди афзун бар 12 миллион тонна гандум ҳамзамон бо соли зироъии гузашта дар кишвар гуфт бо ин ҳаҷми тавлид, Эрон имсоли ниёзӣ ба воридот гандум надорад .

Имонӣ афзӯд, таъмини ба мавқе ва кофии ниҳодҳои кишоварзӣ, омузиши баҳра бардорон, таъмини базри ислоҳ шуда ва қиматгузории маъқул ва мунсифона аз ҷумлаи шохисаҳое буд, ки ба ҳифз ва истимрори худкафоии гандум кумак карда аст .

Бинно бар эъломи мақомоти давлатии Эрон, токунун 11 миллиону 910 ҳазор тонна гандум аз кишоварзони кишвари харидорӣ шуда аст .

Гандум, аз муҳимтарин ғаллоти аст, ки ҷузви қуввати ғолиби мардуми ҷаҳон ба шумор меравад.

Барчасп