Сентябр 11, 2024 09:23 Asia/Dushanbe
  • Ноиб қаҳрамонии навҷавонони бокси Эрон дар Осиё бо 7 медоли рангоранг

Порс тудей - Тими бокси навҷавонони Эрон бо касби ҳафт медоли рангоранг, мақоми ноибқаҳрамонии Мусобиқоти бокси қаҳрамонии навниҳолону навҷавонони Осиёро аз они худ кард.

Мусобиқоти бокси қаҳрамонии навниҳолону навҷавонони Осиё дар Ал Айни Иморот баргузор шуд. Дар ин мусобиқот, 462 муштзан аз 26 кишвар, аз ҷумла Эрон ҳузур доштанд.

Ба гузориши Порс тудей, тими бокси навҷавонони Эрон дар ин мусобиқот муваффақ ба касби 2 медоли тилло, 2 медоли нуқра ва се медоли брунз шуданд.

 

Барчасп