Писари тиллоии Эрон дар ҷамъи 10 бозикуни бартари ҷаҳон
Солори Оқопур, ситораи футзали Ҷумҳурии исломии Эрон, ки чанде пеш писари тиллоии ҷаҳон шинохта шуд, ҳоло дар миёни номзадҳои дарёфти беҳтарин бозикуни ҷаҳон қарор гирифтааст.
Солори Оқопур, ситораи футзали Эрон илова бар пирӯзӣ дар тамомии рақобатҳои мумкин дар сатҳи бошгоҳӣ дар соли 2023, бо дурахшиш дар “Миси Сунгун”-и Варзақон ва амалкарди фавқулодааш, ки қаҳрамонии лолаҳои норанҷиро ба ҳамроҳ дошт ва ҳамон сол бозикуни соли футзали Эронро барои Оқопур ба армуғон овард, ба унвони ҷавонтарин легионери таърихи футзали Эрон ба Майорка Палма - қаҳрамони Аврупо пайваст.
Ҳамчунин фасли 2022 низ барои ситораи боистеъдоди эронӣ шигифтангез сипарӣ шуд ва як сол баъд фурсати бозӣ дар болотарин сатҳи бошгоҳии дунё, яъне Лолиго (Лигаи Насионал) бо пероҳани Палмаро ба даст овард. Омори писари тиллоии ҷаҳон аз Эрон дар фасли 2022 маърака буда ва ӯ 20 бор дарвозаҳоро фурӯ рехт ва 15 паси голро низ барои ҳамтимиҳояш сохт.