Дурахшиши бонӯи вушукори эронӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии толуи Осиё
Намояндаи толуи занони Ҷумҳурии исломии Эрон нахустин тиллои инфиродии таърихи толуи Эрон дар пайкорҳои қаҳрамонии Осиёро ба даст овард.
Дар рӯзи дувуми пайкорҳои бахши толуи мусобиқоти вушуи қаҳрамонии Осиё, ки аз дирӯз - панҷшанбеи 12 сентябр ба сурати расмӣ дар Макау оғоз шуда, Заҳро Киёнӣ, намояндаи Эрон дар форми “Ҷейн шу” ба масофи ҳарифони худ рафт.
Киёнӣ, дорандаи медали нуқраи бозиҳои осиёӣ дар ин форм бо касби нумраи 9. 686, зимни истодан дар рутбаи нахуст, ба медали тиллои ин бахш даст ёфт. Ин нахустин медали корвони вушуи Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 2024 аст.
Медали тиллои Заҳро Киёнӣ, нахустин медали тиллои таърихи бахши толуи инфиродии Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аст.
Варзишкороне аз Ҳонг – Канг ва Ветнам ба тартиб бо нумароти 9. 686 ва 9. 683 ба тартиб дувум ва сеюм шуданд.