Ироқчӣ: Уфуқҳои ҷадиде дар равобити Эрону Ироқ гушӯда хоҳад шуд
(last modified Sat, 14 Sep 2024 05:27:00 GMT )
Сентябр 14, 2024 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Уфуқҳои ҷадиде дар равобити Эрону Ироқ гушӯда хоҳад шуд

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба сафари раисиҷумҳури Эрон ба Ироқ таъкид кард, дипломасии умумии шигифтангези раисиҷумҳур уфуқҳои ҷадиде дар муқобили Эрону Ироқ мекушояд.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе (11 сентябр) дар аввалин сафари хориҷӣ, дар садри ҳайате вориди Бағдод шуд ва мавриди истиқболи расмии Муҳаммашиёъ Алс Судонӣ, нахуствазири Ироқ қарор гирифт ва пас аз дидорҳои мухталиф бо мақомоти ин кишвар дирӯз ба Теҳрон бозгашт.

Ба гузориши ИРНА, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафҳаи шахсии худаш дар фазои маҷозӣ навишт: Сафари Масъуди Пизишкиён ба Ироқ муваффақиятомез буд.

Вай афзуд, дипломасии умумии шигифтангези раисиҷумҳури Эрон уфуқҳои ҷадиде дар муқобили ду кишвар мекушояд.

Ироқчӣ хотирнишон кард, дар ин сафар аз 6 шаҳри Ироқ дар 3 рӯз дидор шуд, раисиҷумҳур барои нахустин бор дар Басра ва иқлими Курдистони Ироқ ҳузур пайдо кард ва 14 ёддошти тафоҳуми арзишманд имзо шуд.