Сентябр 15, 2024 11:15 Asia/Dushanbe
  • Неруҳои мусаллаҳи Эрон, муқтадиртарин созмони зидди террористии ҷаҳон

Порс тудей - Муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Эрон, неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро бузургтарин ва муқтадиртарин созмони зидди террористии ҷаҳон муаррифӣ кард.

Адмирал Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ барои ширкат дар иҷлоси амниятии Пекин таҳти унвони “иҷлоси сулҳу амнияти ҷаҳонӣ”, ки аз иддеаи баробарӣ, озодӣ, фарогирӣ ва ёдгирии мутақобил дифо мекунад, ба Чин сафар кардааст.

Ба гузориши Порс тудей, адмирал Сайёрӣ дар ин иҷлос гуфт: Имрӯз неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар замин, ҳаво, дарё, зери сатҳ ва фазо дар ҳоли талош барои иртиқои камӣ ва кайфиятии амният барои ҳамаи хайрхоҳони ҷаҳон ҳастанд.

Вай бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ изҳор кард, буҳрони Ғазза ва наслкушии режими саҳюнистӣ, иқдомоти хилофи мабонии ҳуқуқи байналмилал тавассути ин режим аст, ки бо ҳамла ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сурия ва низ террори шаҳид Исмоили Ҳания дар Теҳрон идома ёфта ва ҳимоятҳои иттилоотӣ – низомии беҳаду ҳасри Амрико аз режими саҳюнистӣ ва лашкаркашӣ ба минтақа ва таҳдидоти мустамари ин режим алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон нишон аз вазъияти вахими оноршӣ дар низоми байналмилал аст, ки албатта бо ҳубути Амрико ва заволи режими саҳюнистӣ ҳамроҳ хоҳад шуд.

Адмирал Сайёрӣ тасреҳ кард, имрӯз неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бузургтарин ва муқтадиртарин созмони зидди террористии ҷаҳон маҳсӯб мешавад ва дар сатҳи минтақа бо ҳаргуна худсарӣ, беинзиботӣ ва адами пайбандӣ ба мабонӣ ва усӯли байналмилалӣ ба ҷид бархӯрд хоҳад кард ва таъми ин бархӯрдро раҳбарони ба истилоҳ ҳижмунии ҷаҳонӣ борҳо чашидаанд.

Муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Эрон афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон, даъват мекунад то ҳамагон зери парчами сулҳ, баробарӣ, озодӣ ва эҷоди фурсатҳои фарогир барои ёдгирӣ дар қолаби амният бо ҳам ва ба ҳампайваста, муттаҳиду муттафиқ шаванд ва бо истодан дар муқобили абарқудратҳои хунрез, ононро дар расидан ба аҳдофашон нокому башариятро мунтабиқ бо ибтикорҳои матраҳ шуда тавассути сулҳхоҳони ҷаҳонӣ монанди раисиҷумҳури Чин шомили ибтикори амнияти ҷаҳонӣ, ибтикори тавсеаи ҷаҳонӣ ва ибтикори тамаддуни ҷаҳонӣ ба сарманзили саодат ноил кунанд.

 

Барчасп