Эрону Русия дар масири иртиқои равобити дуҷониба
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо дабири Шӯрои амнияти Русия бо ҳадафи иртиқои равобити дуҷониба дидору гуфтугӯ кард.
Масъуди Пизишкиён рӯзи сешанбе дар дидори Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия, бо тавваҷуҳ ба савобиқи созандаи равобити ду кишвар гуфт: Давлати чаҳордаҳум ҳамкориҳову иқдомоти дар ҳоли анҷом дар масири иртиқои сатҳи равобити ду кишварро бо ҷиддият дунбол хоҳад кард.
Раисиҷумҳур таъмиқу тақвияти равобиту ҳамкориҳо миёни Эрону Русияро боиси коҳиши асарбахшии таҳримҳо ва иқдомоти ноодилона алайҳи ду кишвар донисту афзуд: Равобити миёни Теҳрону Маскав дар масире доимӣ, мустамар ва мондагор тавсеа хоҳад ёфт.
Пизишкиён бо ишора ба изҳороти дабири Шӯрои амнияти Русия дар бораи тамҳиди муқаддамоти дидори руасои ҷумҳури ду кишвар дар ҳошияи иҷлоси сарони БРИКС дар Қазон ибрози умедворӣ кард, ки дар ин дидор дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалии Эрону Русия ва аз ҷумла дар қолаби БРИКС ва Шанхаю Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфтугӯҳову тавофуқоти самарабахше дошта бошанд.
Сергей Шойгу низ дар ин дидор таъкид кард, Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия аз вай хоста ин паёмро ба масъулони олии Ҷумҳурии исломии Эрон интиқол диҳад, ки мавзеи Русия барои ҳамкорӣ дар масоили минтақаӣ бо Эрон тағйир накардааст.
Дабири Шӯрои амнияти Русия бар асоси дастури Владимир Путин ва ба манзури пайгирии тавофуқоти анҷомшуда дар сафари ахири Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон ба Санкт-Петербург, вориди Теҳрон шуд. Шойгу дар дидор бо ҳамтои эронии худ, зимни муруре бар тавофуқоти суратгирифта, бар ҳимояти муҷаддад аз сиёсати Эрон дар хусуси каридорҳо ва масирҳои мувосилотӣ бо ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид кард.
Ҷумҳурии исломии Эрон ва Русия дар солҳои ахир дар масири таҳкими муносиботи дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, азҷумла иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ ҳамкориҳои густардае доштаанд ва раванди ҳамкории ду кишвар афзоиши чашмгире доштааст.
Эрон ва Русия ду бозигари муҳиму таъсиргузор дар бозори ҷаҳонии энержӣ ҳастанд ва дар ин бахш ду кишвар ба ҳамкории худ идома медиҳанд. Эрон ҳамвора яке аз муҳимтарин аъзои Созмони кишварҳои содиркунандаи нафти ОПЕК будаасту Русия низ аз содиркунандагони муҳими нафту газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Ду кишвар ҳамчунин бо доштани захоири табиии саршор, заминаи муносибе барои ҳамкории дуҷониба доранд.
Эрону Русия ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба пайгирии сиёсатҳои мустақилу муқобила бо зиёдахоҳиҳову якҷонибагароии Амрико ва Ғарб ҳамкориҳои дуҷонибаро афзоиш додаанд.
Рӯйкарди Теҳрону Маскав барои густариши муносиботи дуҷониба метавонад улгӯе барои кишварҳои мустақил бошад то бидуни нигаронӣ аз мудохилоти Амрикову Ғарб, барои пешбурди аҳдофу барномаҳои худ барномарезӣ кунанд ва ҷабҳае муштарак барои пешрафти бидуни ниёз ба ғарбиҳо ташкил диҳанд.