Раисиҷумҳури Эрон: Ҷангталаб нестем, аз ҳаққамон дифоъ мекунем
Сентябр 18, 2024 18:44 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки Эрон шуруъкунандаи ҳеҷ ҷанге набуда ва нахоҳад буд, гуфт: Ҳафтаи оянда дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҳаққу ҳуқуқи мардуми Эрон дифоъ мекунем.
Ба гузориши ИРНА, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе дар ҳошияи ҳузур дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ афзуд: Дар 200 соли гузашта як бор ҳам дар таърих намебинед, ки Эрон ба кишваре таҷовуз карда бошад, вале онҳо аз мо чеҳрае сохтаанд, ки ноҷавонмардона аст.
Пизишкиён афзуд: Агар қарор бошад зӯр бигӯянд, мо дар баробари зӯр сар хам намекунем.
Барчасп