Сентябр 19, 2024 09:40 Asia/Dushanbe
  • Рушди чашмгири Эрон дар ҳавзаи транзити рейли
    Рушди чашмгири Эрон дар ҳавзаи транзити рейли

Порс тудей-бахши рейлии Эрон дар панҷ моҳаи нахусти соли 1403 бо рушди чашмгири дар ҳавзаи транзит ру ба ру буда аст.

Амалкарди бахши рейлии кишвар дар панҷ моҳаи нахусти соли 1403 аз афзоиши 47 дарсадии транзити рейли дар ин муддати нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта ҳикоят дорад .

Ба гузориши Порс тудей, тибқи оморҳои мунташиршуда, мизони тронзити бори тавассути бахши рейли ба 773 ҳазор тонна расид ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 526 ҳазор тонна афзоиши 47 дарсадиро нишон медиҳад .

Дар ҳавзаи ҳамлунақли мусофир, амалкарди бахши рейли дар панҷ моҳаи нахусти соли 1403 ҳоки аз он аст ки дар ин муддат 12.8 миллион нафар аз тариқи қатор ҷо ба ҷо шудаанд .

Дар бахши ҳамли бор низ 17 миллион тонна бори тавассути шабакаи рейли ҷо ба ҷо шуда аст.