Сентябр 24, 2024 15:03 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Пизишкиён дар Ню-Йорк
    Суханронии Пизишкиён дар Ню-Йорк

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, таҳримҳои якҷониба дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдорро мутаваққиф кардааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар нахустин рӯзи сафари худ ба Ню-Йорк, дар нишасти мисоқи оянда, ки бо ҳузуру суханронии сарони кишварҳои мухталиф баргузор шуд, бо таъкид бар ин ки Эрон хостори минтақае қавӣ, муттаҳид, амну босубот аст, ки дар он манобеи кишварҳои минтақа барои ҳамафзоӣ дар ҷиҳати пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рафъи мушкилоти муштарак масраф шавад, гуфт:  Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони қурбонии терроризм ҳамвора пешгоми мубориза бо ин падидаи шум будаву омодаи ҳамкорӣ бо кишварҳое аст, ки ба дунболи муқобилаи воқеӣ бо терроризм ҳастанд.

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки дастёбӣ ба сулҳу тавсеа ниёзманди эҳтиром ба ҳаққи тавсеаи кишварҳо, тавваҷуҳ ба авлавиятҳои тавсеа ва вижагиҳои фарҳангӣ, риояти усули инсофу иҷрои тааҳҳудоти кишварҳои тавсеаёфта дар баробари кишварҳои дар ҳоли тавсеа аст, дастёбӣ ба сулҳу тавсеаро ниёзманди эҳтиром ба ҳаққи тавсеаи кишварҳо, тавваҷуҳ ба авлавиятҳои тавсеаӣ ва вижагиҳои фарҳангӣ, риояти усули инсофу иҷрои таъаҳҳудоти кишварҳои тавсеаёфта дар баробари кишварҳои дар ҳоли тавсеа донисту афзуд, таҳримҳои якҷониба дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдорро мутаваққиф карда ва ин воқеият мебоист дар ҳар санаде, ки барои оянда таҳия мегардад, дар назар гирифта шавад.

Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон барои ширкат дар ҳафтодунуҳумин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ташреҳи мавозеи Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи масоили байналмилалӣ, дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ба Ню-Йорк сафар кардааст.

Раисиҷумҳурии Эрон илова бар ширкату суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал, бо теъдоде аз сарони кишварҳои ширкаткунанда дар ҳафтодунуҳумин нишасти ин маҷмаъ дидор хоҳад.

 

Барчасп