Сентябр 25, 2024 13:42 Asia/Dushanbe
  • 49 ҷонбохта дар ҳодисаи инфиҷори маъдани зуғолсанги Табас
    49 ҷонбохта дар ҳодисаи инфиҷори маъдани зуғолсанги Табас

Устондори Хуросони ҷанӯбии Эрон гуфт : Амалиёти ҷустуҷӯ ва имдоду наҷот дар маъдани « Маъданҷўии » Табас пас аз 80 соъат бо пайдо шудани пайкари коргарони маҳбӯс дар маъдан поён ёфт .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Хуросони ҷанӯбӣ , Муҳаммадҷаводи Қаноат гуфт : Бо гузашти 72 соъат аз ҳодисаи Маъданҷўии Табас 10 пайкар дар тунели C маъдан боқимонда буд ки бо талоши имдодгарон аз шаби гузашта то имрӯз тамомии онҳо ба хориҷ аз маъдан мунтақил шуданд .

Бо эҳтисоби ин даҳ пайкар теъдоди ҷонбохтгони ин ҳодиса ба 49 нафар расид.

Ҳаволии соъати 21 рӯзи шанбе , нашти гази метан дар маъдани зуғолсанги Маъданҷўии Табас мӯҷиби инфиҷор ва гирафтодани маъданҷўён дар дохили маъдан ва талафот шуд. .