Сентябр 29, 2024 11:24 Asia/Dushanbe
  • Дар ситоиши виҷдони бедор; Ҷашнвораи байналмилалии Байкал муҷассамаи вижа барои завҷи ҳунарманди эронӣ
    Дар ситоиши виҷдони бедор; Ҷашнвораи байналмилалии Байкал муҷассамаи вижа барои завҷи ҳунарманди эронӣ

Порс тудей- Саиди Набӣ ва Марями Хадавӣ, созандагони мустанади «Истода бо гург» дар идомаи ҳузури байналмилалии ин асар дар ҷашнвораҳо дар 23-юмин давраи Ҷашнвораи бузурги синамоии Байкал дар Русия, тандиси вижаи ҳайати доваронро дарёфт карданд.

Филми мустанади «Истода бо гург» ба коргардонии Марями Хадавӣ ва Саиди Набӣ тандиси Муравьёв-Амурский, қаҳрамони фидокори афсонаии Русияро ба далели рӯйкарди ин асар дар намоиши виҷдонҳои бедор, имон ба зиндагӣ ва таҷаллии зебоӣ дарёфт карданд.

Ба гузориши Порс тудей, мустанади «Истода бо гург» достони воқеии зиндагии Ҳодии Ҷалолӣ, муҳитбоне аст, ки беш аз 99 сочма аз самти шикорчиён ба ӯ шиллик шуда ва аз ин сочмаҳои сурбӣ, ки ба баданаш исобат карда ҳамчунон дар баданаш мондагор аст. Ӯ ки аз раёсатҷумҳурии вақт нишони лаёқати фидокорӣ дарёфт карда дар рӯсто ва шаҳраш бисёр ғариб аст.

23-юмин давраи Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанад ва баланди оммаписанди Байкали Русия бо мавзӯи «мардум ва муҳити зист» аз 17 то 27 сентябр дар Русия баргузор шуд.

24 филм аз саросари дунё ба бахши доварии ниҳоии ин ҷашнвораи синамоӣ роҳ ёфтанд.

 

Барчасп