Фарёди «Аллоҳу Акбар»-и эрониён дар пайи ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i117304-Фарёди_Аллоҳу_Акбар_и_эрониён_дар_пайи_ҳамлаи_мушакии_Сипоҳи_посдорон
Мардуми Эрон дар пайи ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба режими саҳюнистӣ дар посух ба ҷиноёти шаҳодати шаҳидон Исмоил Ҳания, Сайидҳасан Насруллоҳ ва сардор Нилфурӯшон ба хиёбонҳо омада ва фарёди “Аллоҳу Акбар” сардоданад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Октябр 02, 2024 10:17 Asia/Dushanbe
  • Фарёди «Аллоҳу Акбар»-и эрониён дар пайи ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон

Мардуми Эрон дар пайи ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба режими саҳюнистӣ дар посух ба ҷиноёти шаҳодати шаҳидон Исмоил Ҳания, Сайидҳасан Насруллоҳ ва сардор Нилфурӯшон ба хиёбонҳо омада ва фарёди “Аллоҳу Акбар” сардоданад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар пайи ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба режими саҳюнистӣ барои интиқоми шаҳодати Исмоил Ҳания, Сайидҳасан Насруллоҳ ва сардор Нилфурӯшон мардуми шаҳрҳои мухталифи Эрон ба хиёбонҳо омада ва изҳори хушҳолӣ карданд.

Мардуми устонҳои мухталифи Эрон дар таҷаммуоти худҷӯш, ки аз ҳамон соатҳои ибтидои иттилоъ аз оғози ҳамлаи мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Исроил анҷом шуда, бо сар доданди шиори «Аллоҳу Акбар» , « марг бар Исроил» , «марг бар Амрико» аз Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ барои посухи мушакӣ ба режими саҳюнистӣ, ташаккур ва қадрдонӣ карданд.