Пизишкиён: Ин танҳо гӯшае аз тавони мост
(last modified Wed, 02 Oct 2024 06:07:04 GMT )
Октябр 02, 2024 11:07 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён: Ин танҳо гӯшае аз тавони мост

Раисиҷумҳур дар паёме навишт: Бар асоси ҳуқуқи машрӯъ ва бо ҳадафи сулҳу амният барои Эрону минтақа, посухи қотеъ ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ дода шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар пайи ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба Исроил, Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эон дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Бар асоси ҳуқуқи машрӯъ ва бо ҳадафи сулҳу амният барои Эрону минтақа, посухи қотеъ ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ дода шуд. Ин иқдом дар дифо аз манофе ва атбои эронӣ буд. Натаняҳу бидонад, Эрон ҷангталаб нест, аммо дар баробари ҳар таҳдиде қотеъона меистад.