Октябр 02, 2024 17:57 Asia/Dushanbe
  • Танҳо роҳи поёни ҷанг дар минтақа кам шудани шарри Амрико аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, танҳо роҳи поёни ҷанг дар минтақаро кам шудани шарри Амрико донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори садҳо нафар аз нухбагони илмӣ, нафароти бартари олимпиадаҳо ва озмӯни вурӯдии донишгоҳҳо, гуфтанд: Асоси мушкилоти минтақа, касоне ҳамчун Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ ҳастанд, ки ба дурӯғ дам аз сулҳ ва оромиш мезананд ва бар ҳамин асос, танҳо роҳи поёни даргириҳо ва ҷангҳо дар минтақа, кам шудани шарри ин кишварҳост.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таҳрики Саддом барои ҳамла ба Эрону рақам хӯрдани рӯзҳои талху сахтро намунае аз ҷангафрӯзии Амрико ва ғарбиҳо дар минтақа донистанд ва афзуданд: Муҳаббати кунунӣ байни ду кишвари Эрону Ироқ, ки авҷи таҷаллии он дар роҳпаймоии бузурги Арбаъин аст, мисдоқи равшане аст, ки нишон медиҳад, омили аслии мушкилоти минтақа, муддаиёни дуруғини сулҳ ҳастанд, ки бояд ба тавфиқи илоҳӣ ва ҳиммати баланди миллати Эрон ва бо кумак аз илҳомоти Инқилоби исломӣ ва ҳамкории дигар миллатҳо, шарри онҳо аз минтақа кам шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, дар идома нухбагӣ ва заминаҳои нухбасозиро аз муҳимтарин доштаҳои кишвар баршумурданд ва афзуданд: Муҳимтарин замина барои нухбасозӣ баҳраи ҳушӣ аст ва Эрон дар заминаи баҳраи ҳушӣ ҷузви кишварҳои пешрави дунё аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, бо ишора ба таҳаввулоти сареъи илм дар дунё, нухбагонро ба ҷиҳод барои хезиши илмӣ фарохонданд ва таъкид карданд: Кишвар ба хезиш ва наҳзати ҷадиди илмӣ ниёз дорад, ки ин вазифаи нухбагон аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ эҷоди наҳзат ва хезиши ҷадиди илмиро ҷиҳоди нухбагон баршумурданд ва бо таъкид бар инки ҳаракат ва хезиши ҷадиди илмӣ мӯҷиби тасаллут ёфтан бар рақибон ва бадхоҳон хоҳад шуд, гуфтанд: Яке аз натоиҷи бартарии илмӣ ва фанноварӣ ин хоҳад буд, ки дасти душман аз зарба задан ба мардуми Ғазза ва Зоҳияи Бейрут кутоҳ ва монеъи оташафрӯзиҳое хоҳад шуд, ки дили мардуму ҷавононро месӯзанд.

 

Барчасп