Агар режими саҳюнистӣ ба амалиёти интиқомии Эрон вокуниш нишон диҳад чӣ мешавад ?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i117324-Агар_режими_саҳюнистӣ_ба_амалиёти_интиқомии_Эрон_вокуниш_нишон_диҳад_чӣ_мешавад
Порс Тудей-Мақомҳои кишварӣ ва лашкарии Эрон дар бораи вокуниши эҳтимолии режими саҳюнистӣ ба ҳамлаи мӯшакии Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ ҳушдор доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 03, 2024 10:07 Asia/Dushanbe
  • Агар режими саҳюнистӣ ба амалиёти интиқомии Эрон вокуниш нишон диҳад чӣ мешавад ?
    Агар режими саҳюнистӣ ба амалиёти интиқомии Эрон вокуниш нишон диҳад чӣ мешавад ?

Порс Тудей-Мақомҳои кишварӣ ва лашкарии Эрон дар бораи вокуниши эҳтимолии режими саҳюнистӣ ба ҳамлаи мӯшакии Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ ҳушдор доданд.

« Масъӯди Пизишкиён » раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дарбораи эҳтимоли такрори хато аз сӯи Исроил ба ин режим ҳушдор дод . Ба гузориши Порс Тудей , Пизишкиён дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Экс навишт : Нитантяҳу бидонад , Эрон ҷанг талаб нест аммо дар баробари ҳар таҳдиде қотеъона меистад ; ин танҳо гӯшае аз тавони мост . Бо Эрон вориди даргирӣ нашавед .

«Муҳаммадбоқири Қолибоф » раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон низ дар ин бора гуфт : Эрон худро барои девонагии эҳтимолии режими саҳюнистӣ омода ва барномаи дур аз интизор тарроҳӣ кардааст ; посухи баъдии Эрон ба таҷовузҳои эҳтимолӣ дар сатҳи бисёр мутафовит сӯрат хоҳад гирифт .

Сардор сарлашкар « Муҳамади Боқирӣ » раиси Ситоди кули неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳам ба сардамдорони режими Исроил ҳушдор дод : Агар режими саҳюнистӣ алайҳи ҳокимияту тамомияти арзии Эрони вориди амал шавад , амалиёти ваъдаи Содиқи 2 бо чанд баробари бузургӣ такрор хоҳад шуд ва тамоми зерсохтҳои саҳюнистҳо мавриди исобат қарор хоҳад гирифт .